Июн 30, 2023 21:17 Asia/Dushanbe
  • Намоиши маҳсулоти яхмос, дӯғ ва обмева дар шаҳри Душанбе
    Намоиши маҳсулоти яхмос, дӯғ ва обмева дар шаҳри Душанбе

Дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи яхмос, дӯғ, обмева ва оби ошомиданӣ баргузор шуд.

29 июн ҷашнвораи шаҳрии яхмос, дӯғ, обмева, оби ошомиданӣ, ширинӣ ва фаровардаҳои ширинипазӣ дар муассисаи давлатии “Парки фарҳангиву тафреҳии Абулқосими Фирдавсӣ”, воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Меҳмонону ширкаткунандагони ҷашнвора бо намоиши маҳсулот, ба вижа яхмос, дӯғ, обмева ва оби ошомидании мухталиф, ки дар вурудии муассисаи давлатии “Парки фарҳангӣ - тафреҳии Абулқосими Фирдавсӣ ба намоиш гузошта шуда буд, ошно шуданд.

Ин ҷашнвора ба манзури афзоиши зарфияти тавлид дар пойтахт ва иртиқои кайфияти тавлидоти дохилӣ баргузор шуд.

 

Барчасп