Июл 01, 2023 11:05 Asia/Dushanbe
  • Рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2022

Бар асоси гузориши солонаи Бонки ҷаҳонӣ бо вуҷуди бесуботии минтақаӣ ва таварруми ҷаҳонӣ Тоҷикистон рушди иқтисодии қавӣ ва таварруми камсобиқаеро таҷриба кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс , бар асоси гузориш фаъолияти иқтисодии ин кишвар бо ирсоли ҳавола ва густариши бахшҳои хадамотӣ ва саноъатӣ ҳимоят мешуд, ки мунҷар ба рушди воқеии тавлиди нохолиси дохилии 8 дарсадӣ дар сол 2022 шуд .
Бар асоси ин гузориш мавқеъияти хориҷии Тоҷикистон ба лутфи ҳаволаҳои муҳоҷирон ҳамчунон қавӣ боқӣ мондааст; дар ҳоле ки захоири байналмилалии ин кишвар ба шиддат афзоиш ёфтааст.
Ин гузориш таъкид мекунад ки сиёсати пӯлии эҳтиёткорона ва афзоиши мизони арзи Тоҷикистон ба поинтарин мизони таваррум дар минтақа кумак кард ва таварруми қимати масрафкунанда ба 4.2 дарсад коҳиш ёфт . Ин гузориш ҳамчунин хотирнишон мекунад, ки алорағми интизори рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2023 ба мизони 6.5 дарсад ва 4.5 то 5 дарсад дар миёнмуддат, ин кишвар ҳамчунон ба шокҳои хориҷӣ ва дохилӣ аз ҷумла набуди итминони геополитикӣ дар минтақа ва кундии иҷрои он ҳассос аст .
Авзон Суимлӣ, намояндаи муқими Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфт : « Барои дастёбӣ ба аҳдофи таъйиншуда дар стратегияи тавсеаи миллӣ то соли 2030 Тоҷикистон бояд монеъаҳоеро, ки монеъи рушди иқтисодии ин кишвар шудаву монеъи эҷоди фурсатҳои шуғлӣ бо кайфияти боло ва пойдор мешавад, бартараф кунад .
Вай афзуд : Ба рағми талошҳои ислоҳии қаблӣ фазои зиёде барои пешрафт вуҷуд дорад, ки кишварро аз як ислоҳталаб ба беҳтарин кишвар дар амал табдил мекунад.»
Ин гузориши иқтисодии Тоҷикистон нигоҳи муфассал ба чолишҳои пеши рӯйи бахши хусӯсӣ дорад, ки бо вуруди ками ширкатҳои ҷадид, баҳраварии поин ва идғоми маҳдуд дар тиҷорати байналмилалӣ мушаххас мешавад.
Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир 26 тарҳро дар Тоҷикистон ба арзиши 1.6 миллиард доллар таъмини молӣ мекунад . Аз соли 1996 Бонки ҷаҳонӣ беш аз 2.8 миллиард доллар кумакҳои бебозгашт ва қарзҳо ба Тоҷикистон ироа кардааст .
 

 

Барчасп