Тоҷикистон ва Қатар шурои муштараки корофаринон таъсис мекунанд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i104322-Тоҷикистон_ва_Қатар_шурои_муштараки_корофаринон_таъсис_мекунанд
Утоқҳои бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон ва Қатар дар Давҳа тавофуқномаи дар заминаи эҷоди шурои муштараки корофаринони ду кишвар имзо карданд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Июл 01, 2023 17:39 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Қатар шурои муштараки корофаринон таъсис мекунанд
    Тоҷикистон ва Қатар шурои муштараки корофаринон таъсис мекунанд

Утоқҳои бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон ва Қатар дар Давҳа тавофуқномаи дар заминаи эҷоди шурои муштараки корофаринони ду кишвар имзо карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон банақл аз хабаргузории Форс, Тоҷикистон ва Қатар тавофуқномаеро дар заминаи эҷоди шурои муштараки корофаринони ду кишвар имзо карданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Қатар бо эъломи ин хабар гуфт, ки санади мазкур дар чорчуби дидори Ҷамшед Ҷумахонзода раиси утоқи бозаргони ва саноати Тоҷикистон ва Алӣ ибни Аҳмад Алкавори муовини аввали утоқи бозаргонӣ ва саноати Қатар имзо шуд.