Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикисон бо вазири дифоъи Кувайт
(last modified Sat, 01 Jul 2023 14:17:02 GMT )
Июл 01, 2023 19:17 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикисон бо вазири дифоъи Кувайт

Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо вазири дифоъ ва нахуствазири Кувайт дар шаҳри Душанбе бар густариши равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, шайх Аҳмад Фаҳад Алҳамд Алсабо муовини нахуствазир ва вазири дифоъи давлати Кувайт ки ба Тоҷикистон сафар карда аст бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии ин кишвар дидор ва гуфтугу кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо муовини нахуствазир ва вазири дифоъи Кувайт бар тамоюли Душанбе ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоъӣ, иқтисодӣ, башардустона ва амнияти таъкид кард.

Тарафайн вазъият ва чашмандози ҳамкориҳои дуҷониӣа дар заминаҳои мавриди алоқаро барраси карданд.