Тағйироти кадрӣ дар системаи додгоҳии Тоҷикистон
Июл 02, 2023 19:39 Asia/Dushanbe
Бо фармони Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон панҷ додрас бо сабабҳои расидан ба синни ниҳоии додрасӣ ва гузаштан ба кори дигар, аз вазифа сабукдӯш шуданд.
Ба гузориши сомонаи Пресса, ин тағйироти кадрӣ 30 июн сурат гирифтааст.
Гиёзода Мирзоисмон Қурбон аз вазифаи раиси додгоҳи шаҳри Душанбе, Абдуллозода Музафар Ҷаъфар аз вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Маърифат Ашурмамедова аз вазифаи додраси додгоҳи шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии додрасӣ, аз вазифа озод карда шуданд.
Оқилзода Бахтиёр Даврон аз вазифаи раиси додгоҳи вилояти Суғд ва Ҷурахонзода Масрур Ҷурахон аз вазифаи муовини раиси додгоҳи шаҳри Ҳисор бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шудаанд.