Иқтисоддон тоҷик: Калиди наҷоти Тоҷикистон рушди тиҷорати хурд ва миёна аст
Мирзосаид Султонов, профессори Донишгоҳи Тоҳоку Коеки дар Ҷопон муътақид аст, ки Тоҷикистон бидуни рушди тиҷорати хурд ва миёна ҳамчунон ба даромади коргарони муҳоҷир вобаста мемонад.
Профессор Султонов дар мусоҳиба бо сомонаи “Ахбор” гуфт, натоиҷи таҳқиқоташ нишон медиҳад, ки интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон таҳти таъсири арзиши рубл ва даромади сарона дар Русия аст ва бар маҷмӯъ маҳсулоти дохилӣ, арзиши пули миллӣ ва қиматҳо дар Тоҷикистон таъсири чашмгир дорад.
Вай афзуд, бинобар ин интиқоли пул аз Русия ҳамчун канали осори мусбат ва манфии иқтисоди ин кишварро ба Тоҷикистон мунтақил мекунад.
Султонов таъкид кард, Тоҷикистон бояд бо сиёсати дарозмуддат шароити муносибро фароҳам ва ба рушди тиҷорати хурд ва миёна кумак кунад, то таъсири мусбати интиқоли пул афзоиш ёбад ва вобастагӣ ба ин даромадҳоро коҳиш диҳад.
Ҳар сол, як то якуним миллион нафар аз мардуми Тоҷикистон барои ёфтани кор ва таъмини маоши хонаводаҳои худ ба Русия мераванд ва иқтисоди ин кишвар ба шиддат ба пули ирсолии муҳоҷирони корӣ вобаста аст.
Ин дар ҳолест, ки буҳрони иқтисодӣ дар Русия ва таҳримҳои Ғарб алайҳи ин кишвар сабаби коҳиши даромадҳои ирсолии коргарони муҳоҷир шудааст.
Бар асоси охирин омори Бонки марказии Русия, муҳоҷирони тоҷик аз ибтидои соли 2016 то моҳи сентябр аз Русия ба кишвар худ ҳудуд 1.4 миллиард доллар ирсол кардаанд, ки ҳатто дар муқоиса бо соли буҳронии 2015 ҳудуд 14 дарсад камтар аст.