Июл 05, 2023 10:36 Asia/Dushanbe
  • Иштироки ҷудокори тоҷик дар мусобиқоти Венгрия-2023
    Иштироки ҷудокори тоҷик дар мусобиқоти Венгрия-2023

Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқоти Венгрия-2023 ширкат мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин рақобатҳо варзишкороне, ки то рутбаи 36 ҷаҳонро касб карданд ҳақи иштирок доранд тими ҷудои Тоҷикистон низ бо 6 нафар дар мусобиқот иштирок мекунанд.

Мусобиқот 6 то 8 август дар Будапешти Венгрия баргузор мешавад Тоҷикистон дар вазни болои 100 килограм бо Темур Раҳимов, ки дар садри радабандии ҷаҳон қарор дорад ҳузур хоҳад дошт.

Комроншоҳ Устопирён дар вазни 90 килограм аз радаи давозадаҳуми ҷҳаонӣ ба ин рақобаитҳо роҳ меёбад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Сомон Маҳмудбеков аст, ки дар вазни 81 килограм дар радаи сездаҳуми ҷаҳон қарор дорад Эмомалӣ Нуралӣ ва Убайд Ҷубов дар вазни 66 килограм ва Беҳруз Хоҷазода дар вазни 73 килограм дар мусобиқот Венгрия-2023 иштиро хоҳанд кард.