Оғози бозгашти ҳоҷиёни тоҷикистонӣ аз Арабистон
Июл 06, 2023 19:16 Asia/Dushanbe
Нахустин гуруҳ аз ҳоҷиёни тоҷикистонӣ панҷшанбе 6 июл ба Ватан бозгаштанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин хабарро Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи умӯри дин, танзими ойинҳо ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон эълом кард.
Ба гуфтаи ӯ теъдоди нахустин гуруҳи ҳоҷиёни бозгашта аз Арабистон ба Тоҷикистон 165 нафар аст .
Интиқоли ҳуҷҷоҷ аз Арабистони суъудиро ширкати ҳавопаймоии Сомони ЭЙР анҷом медиҳад . Имсол 4 ҳазору 500 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафари Ҳаҷ мушарраф шуданд .
Хароҷоти Ҳаҷҷи имсол барои ҳар зоири тоҷикистонӣ 59 ҳазор сомонӣ муодили 5 ҳазору 630 доллар буд.