Баррасии ҳамкории Тоҷикистон ва Осорхонаи Луври Фаронса
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i10462-Баррасии_ҳамкории_Тоҷикистон_ва_Осорхонаи_Луври_Фаронса
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо мудири Осорхонаи Луври ин кишвар дидор кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 25, 2016 06:49 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкории Тоҷикистон ва Осорхонаи Луври  Фаронса

Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо мудири Осорхонаи Луври ин кишвар дидор кард.

Ба гузориши сойти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар дидори Ҳомидҷон Назаров ва Бенуа де Сен-Шамас мавзӯи ҳамкориҳои Осорхонаи Луври  Фаронса бо созмони мӯзеҳои Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин дидор роҷеъ ба наҳваи ҳамкориҳои Осорхонаи Луври  Фаронса бо созмони мӯзеҳои Тоҷикистон, вобаста ба Вазорати фарҳанги ин кишвар ва баргузории намоишгоҳҳои осори мавҷуд дар мӯзеҳои ин ҷумҳурӣ дар Фаронса ва муаррифии Осорхонаи Лувр дар Тоҷикистон баҳсу табодули назар шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо истифода аз ин фурсат, муҳиммтарин осори таърихӣ ва бостонии ин Тоҷикистонро барои Осорхонаи Лувр ва мардуми Фаронса муаррифӣ кард. Ду тараф дар ин дидор тавофуқ карданд, ки бо кӯмаки Осорхонаи Луври Фаронса намоишгоҳи осори бостонии Тоҷикистонро дар ин кишвар баргузор кунанд.