Июл 08, 2023 14:01 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти мудири Ожонси содироти Тоҷикистон бо сафири Арабистони саъудӣ

Мудири ожонси содироти Тоҷикистон бо сафири Арабистони саъудии дидор кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дидори Баҳриддин Сироҷиддинзода, мудири Ожонси содироти Тоҷикистон ва Валид бин Абдурраҳмон Аррашидон-сафири Арабистони саъудӣ дар Тоҷикистон роҳҳои афзоиши содироти асал, меваҳои тоза, меваҳои хушк ва оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба Арабистони саъудӣ баррасӣ шуд.
Дар ин мулоқот Мудири ожонси содироти Тоҷикистон дар мавриди меҳварҳои аслии фаъолияти ожонс матолибе ироа кард ва афзоиши равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва ироаи маҳсулоти дохилӣ дар бозори ҷаҳониро яке аз мавориди муҳим донист .
Сафири Арабистони саъудӣ дар Тоҷикистон ҳам дидгоҳҳои худро дар мавриди вазъият ва чашмандози равобити дуҷониба иброз намуд ва ба манзури ҳимоят аз тавсеаи фаъолиятҳои тиҷории байни давлатҳо, афзоиши ҷараёни тиҷорати дуҷониба аз тариқи ҳамкорӣ бо Ожонси содироти Арабистони саъудӣ ва содироти асал, меваҳои тоза, меваҳои хушку оби ошомиданӣ ба Арабистони саъудӣ баён кард.
 

 

Барчасп