Афзоиши ҳавзҳои моҳипарварӣ дар Тоҷикистон
Мувофиқи меъёрҳои тавсиявие, ки ниёзи истеъмолиро муайян мекунад, дар Тоҷикистон тақозои ҳар нафар ба истеъмоли гӯшти моҳӣ дар як сол 9 килоро ташкил медиҳад.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, соли равон моҳипарварон беш аз 5000 тон моҳӣ истеҳсол кунанд.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондод барои қонеъ кардани тақозои ҷамъияти кишвар кофӣ нест ва мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон, талаботи ҳар сокини ҷумҳурӣ ба истеъмоли гӯшти моҳӣ 9 кило дар як сол мебошад.
Таъкид гардидааст, ки барои таъмини беш аз 10 млн ҷамъияти Тоҷикистон ҳудуди 90 ҳазор тон моҳӣ бояд истеҳсол карда шавад.
Ин сомона дар идома меафзояд, ҳарчанд майдони ҳавзҳои моҳипарварӣ меафзояд, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба талабот ҷавобгӯ нест. Солҳои 90-уми асри гузашта ҳосилнокӣ аз як гектар ҳавз 30-35 сентнерро ташкил медод. Айни замон бошад, ҳосилнокӣ аз як гектар ҳавз 15-16 сентнер аст.
Кофӣ набудани корҳои таҳқиқотӣ, илмиву озмоишӣ барои ҷорӣ кардани технологияҳои нав низ аз мушкилоти соҳа арзёбӣ мешаванд. Гаронии ғизои воридотӣ, камбуди кадрҳо ва дигар омилҳо низ дар феҳрасти мушкилоти соҳа зикр шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба рӯди Сир як миллион адад бачамоҳӣ сар дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд 63 воҳиди моҳипарварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки масоҳати умумии ҳавзҳо барои парвариши моҳӣ 685 гектарро ташкил медиҳад.