Густариши равобити иқтисодии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Sun, 09 Jul 2023 14:08:47 GMT )
Июл 09, 2023 19:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону ҷумҳурии Озарбойҷон
    Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону ҷумҳурии Озарбойҷон

Тавофуқномаи афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар шашумин нишасти комиссияи давлатии ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии ду кишвар имзо шуд.

Тоҷикистон дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ бо 102 кишвар ба арзиши беш аз ду миллиарду сад миллион доллар мубодилоти бозаргонӣ доштааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар нишасти Бокӯ руасои вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои зирабти Ҷумҳурии Тоҷикистону ҷумҳурии Озарбойҷон дар заминаи эҷоди бунгоҳҳои санъатии муштарак, шомили маҳдудаи манотиқи озоди иқтисодӣ, интиқоли нафти хоми ҷумҳурии Озарбойҷон ба ширкатҳои полоиши нафти Данғара, содироти алюминий аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон, ироаи тахфиф барои ҳамлу нақл аз тариқи роҳи оҳан тавофуқ карданд.