Мавқеъияти илмии донишомӯзи тоҷик
Донишомӯзи тоҷик квотаи таҳсилии давлати Маҷористонро дарёфт кард.
Ба гузориши Садои Хуросон. Масрур Давлатзода, донишомӯзи пояи ёздаҳуми муъасисаи омӯзишии мутавасситаи умумии рақами 17 ноҳияи Восеъ, барандаи квотаи таҳсилии давлати Маҷористон (Stipendium Hungaricum Scholarship) шуд.
Ин донишомӯз дар мусобиқоти забони инглиси тавонист фурсати идомаи таҳсил дар Маҷористон (квота)-ро дарёфт кунад.
Ҳазинаи ин квота беш аз 50 ҳазор доллар аст ва дарёфт кунандаи он имкони таҳсили ройгон дар яке аз донишгоҳҳои Маҷористон ба муддати 4 солро дорад.
Омина Худоиқулова, яке дигар аз донишомӯзони ноҳияи Восеъ ҳам олимпиядаи байналмиллалии TeenEagle дар риштаи забони инглиси дар байни 55 кишвар ширкат кард ва муваффақ ба касби нишони нуқра шуд.