Раиҷумҳури Тоҷикистон хостори тоза кардани сафи БДА шуд
(last modified Wed, 12 Jul 2023 14:48:29 GMT )
Июл 12, 2023 19:48 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳолатҳои зиёди қонунушиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои тақаллубӣ
    Афзоиши ҳолатҳои зиёди қонунушиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои тақаллубӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни тағйироти кадрӣ дар сохтори Вазорати умури дохилии кишвар, аз ҷумла дар Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) нигарониҳояшро баён дошт.

Ба гузориши “Спутник”, дар мувофиқа бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Қурбонзода Суҳроб аз вазифаи сардори раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон озод шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзомуродзода Рустам ба вазифаи сардори раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон таъйин гардид.

Ҳамчунин сардори воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар самтҳои ҳаракати Президенти ҶТ ва меҳмонони олиқадр, Раёсати экологӣ ва сайёҳӣ ва Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷриба таъйин шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти зикргардида, фаъолияти соҳаро таҳлил карда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастур дод.

Раисҷумҳур аз ҷумла аз ҳолатҳои зиёди қонунушиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои тақаллубӣ, бидуни рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракати роҳро ёдовар шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон супориш додааст, ки сафи ҳайати шахсии Бозрасии давлатии автомобилӣ аз шахсони тасодуфӣ тоза карда шавад ва тамоми кормандони БДА муҷаддад имтиҳон супоранд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран бар асоси гузоришҳои мунташиршуда, рабояндаҳои муовини раиси "Ориёнбонк" дар Душанбе бо мошин чанд рӯзе бо рақамҳои тақаллубӣ гаштугузор доштаанд.

 

Бештар бихонед: