Дар соли 2023 сохту бозсозии 122 маркази тандурустӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i104910-Дар_соли_2023_сохту_бозсозии_122_маркази_тандурустӣ_дар_Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон дар соли ҷории 2023 сохти 122 маркази тандурустӣ аз ҷумлаи 77 маркази ёрии таъҷилӣ, 36 бемористон ва 9 муассисаи пизишкии хусусӣ идома дорад .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 15, 2023 11:50 Asia/Dushanbe
  • Дар соли ҷории 2023 сохти 122 маркази тандурустӣ дар Тоҷикистон идома дорад
    Дар соли ҷории 2023 сохти 122 маркази тандурустӣ дар Тоҷикистон идома дорад

Дар Тоҷикистон дар соли ҷории 2023 сохти 122 маркази тандурустӣ аз ҷумлаи 77 маркази ёрии таъҷилӣ, 36 бемористон ва 9 муассисаи пизишкии хусусӣ идома дорад .

Ба гузориши Ховар дар 6 моҳи нахусти соли 2023, 36 муассиса сохта шуд ва ба баҳрабардорӣ расид, ки шомили 31 муассисаи ёрии таъҷилӣ, 4 бемористон ва 1 клиникаи хусӯсӣ мешавад.
Ҳамчунин 118 муассиса ( 84 муассисаи ёрии таъҷилӣ ва 34 бемористон) таъмир шуданд ва бозсозӣ дар 137 муассиса идома дорад .
Илова бар ин дар ин муддат ба манзури афзоиши сатҳу сифати хадамоти пизишкӣ ба мардум, дору ва таҷҳизоти замонавии пизишкӣ харидорӣ шудааст.
 

Бештар бихонед :