Июл 18, 2023 18:56 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи мақомоти Тоҷикистон ва Туркманистон барои рушди равобити дуҷониба
    Тавофуқи мақомоти Тоҷикистон ва Туркманистон барои рушди равобити дуҷониба

Вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар дидори бо якдигар дар хусуси рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷроӣ ва башардустона тавофуқ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Туркманистон сафари расми анҷом дод ва бо мақомоти ин кишвар дидору гуфтугу кард.

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикисон Рашид Муродов ҳамтои туркманистонии худ дидор ва тайфи густардаи аз мавзуъоти мушорикати роҳбурдии ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, дипломотик, тиҷорӣ, иқтсиодӣ, фарҳангӣ ва башардустона мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Сироҷиддини Муҳриддин ва Рашид Муродов бар аҳамияти густариши бештари равобити байни ду кишвар мубтани бар асли дусти, эътимод ва дарки мутақобил таъкид карданд.

Вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчунин дар хусуси таъмулоти ду кишвар дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, масоили амнияти минтақ ва аз ҷумла вазъияти Афғонистон табодули назар карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин дар дидор бо Сардор Бердимуҳаммадов раиси Ҷумҳурии Туркиманистон дар хусуси заминаҳои густариши равобити миёни ду кишвар гуфтугу кард.

Барчасп