Иҷроӣ шудани қонуни муҷозот барои таблиғи терроризм дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i10513-Иҷроӣ_шудани_қонуни_муҷозот_барои_таблиғи_терроризм_дар_Тоҷикистон
Бо интишори қонуни ислоҳшудаи “Муҷозоти тавҷеҳи терроризм” дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон, ки дар моҳи октябри имсол аз сӯи раисҷумҳури ин кишвар имзо шуда буд, акнун додгоҳҳо метавонанд афроди муттаҳамро аз 5 то 10 сол ба зиндон маҳкум кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 26, 2016 06:37 Asia/Dushanbe
  • Иҷроӣ шудани қонуни муҷозот барои таблиғи терроризм дар Тоҷикистон

Бо интишори қонуни ислоҳшудаи “Муҷозоти тавҷеҳи терроризм” дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон, ки дар моҳи октябри имсол аз сӯи раисҷумҳури ин кишвар имзо шуда буд, акнун додгоҳҳо метавонанд афроди муттаҳамро аз 5 то 10 сол ба зиндон маҳкум кунанд.

Ба иттилои сайти Toptj, дар яке аз бандҳои ин қонун таъкид шудааст, ки додгоҳҳои ин кишвар аз ҳаққи муҷозоти афроди муттаҳам дар тавҷеҳи терроризм ва ифротгарӣ бо истифода аз расонаҳои хабарӣ, интернет ва телефони ҳамроҳ ба 5 то 10 соли зиндон бархурдор мешаванд.

Аммо бархе аз ҳуқуқдонони тоҷик бо интиқод аз ин қонун гуфтаанд, дар ҳоле, ки таърифи мушаххас ва мавриди тайиди мафҳуми терроризм дар сатҳи байналмилалӣ ва дар кишварҳои ҷаҳон вуҷуд надорад, чигуна дар Тоҷикистон шаҳрвандони ин ҷумҳуриро бо ин иттиҳом ба зиндон маҳкум мекунанд .

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик гуфт, акнун бо ин иқдом, мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон метавонанд рӯзноманигорон ва таҳлилгаронро низ дар сурати ибрози андешаашон дар бораи гурӯҳҳои мухолифи давлат, ки дар хориҷ ба унвони гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ шинохта нашудаанд, ба иттиҳоми тавҷеҳи терроризм ва ифротгарӣ бо истифода аз расонаҳои хабарӣ муҷозот кунанд. Ҳамчунин гузоштани шарҳу тавзеҳ ва баёни дидгоҳи афрод дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сафаҳоти шахсии онон дар интернет дар мавриди аҳзобу гурӯҳҳои мухолифи сиёсии давлати Тоҷикистон акнун ба унвони таблиғи терроризм ва ифротгарӣ арзёбӣ хоҳад шуд, ки ин амр авоқиби ногуворе барои корбарон дорад .

Бар асоси гузориши мақомоти қазоии Тоҷикистон, дар ин кишвар таи як соли ахир беш аз 1000 нафар ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ба муддати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудаанд .