Декабр 26, 2016 10:52 Asia/Dushanbe
  • Коргарони муҳоҷири тоҷик аз мамнуияти парвозҳо миёни Душанбе ва Маскав зарар мебинанд

Мудири Маркази “Муҳоҷират ва қонун” дар Русия муътақид аст, ки маҳдудият ва коҳиши теъдоди парвозҳо миёни Душанбе ва Маскав ба зиёни коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ хоҳад буд.

Ба иттилои сайти Спутник, Гавҳар Ҷураева таъкид кард, дар баҳси бунбаст дар музокироти ҳайъатҳои нақлиёти Душанбе ва Маскав, ҳамчунин иқдоми Русия дар мамнуияти парвозҳои Ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ба мақсади ин кишвар ва муқобила ба мисли Тоҷикистон, манофеи иқтисодии ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба хатар меафтад, ки ин мавзуъ, ба зиёни коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ низ тамом мешавад. Зеро ҳамасола танҳо аз Тоҷикистон ба Русияи байни як то яку ним миллион коргарони муҳоҷир рафту омад мекунанд, ки барои ширкатҳои ҳавопаймоҳои ин ду кишвар ҷудо аз фоидаи иқтисодӣ, ҳузури ин афрод дар Русия низ даромади калони молӣ дорад .

Аз дидгоҳи Ҷураева, агар ин афрод тасмим ба тараддуд миёни ин ду кишвар бо қатор бигиранд, бояд 4 рӯз ранҷи сафар аз қаламрави Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистонро бо бозрасиҳои мутааддид таҳаммул кунанд. Илова бар ин, имкони сафари мустақим бо қатор миёни Русия ва Тоҷикистон, фақат як бор дар ҳафта вуҷуд дорад .

Гавҳар Ҷураева бар ин бовар аст, ки сиёсати таҳти фишор қарор додани ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Русия аз сӯи мақомоти нақлиёти ин ду кишвар, иддаои шарики роҳбурдӣ будани Душанбе ва Маскавро зери савол мебарад ва умед аст, ки ин мушкил ба зудӣ ҳал шавад .

Ба гуфтаи дигар коршиносон, решаи ин ихтилоф ба мавзуи теъдоди парвозҳои ҳафтагии миёни ин ду кишвар ва арзонии нисбии қиммати билети ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ бармегардад, ки аз нигоҳи Тоҷикистон ба фоидаи Русия аст .

Бештари парвозҳо дар масири Тоҷикистон-Русия дар ихтиёри ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ қарор дорад .

Аз сӯи дигар Вазорати нақлиёти Русия таҳдид кардааст, ки дар сурати ба тавофуқ нарасидани дутараф бар сари ихтилофи ахир, тамоми парвозҳои ин кишвар ба Тоҷикистонро қатъ хоҳад кард .