Даромади 44 миллиондолларии Тоҷикистон аз фурӯши барқ дар ним соли аввали 2023
(last modified Fri, 21 Jul 2023 14:54:35 GMT )
Июл 21, 2023 19:54 Asia/Dushanbe
  • Содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Узбакистон
    Содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Узбакистон

Тоҷикистон дар нимаи нахусти соли ҷорӣ 43. 2 миллион доллар барқ ба хориҷ содир кардааст, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 1. 4 миллион доллар камтар аст.

Бар асоси гузориши ширкати «Барқи Тоҷик», Тоҷикистон дар чорчӯби қарордодҳои басташуда ба Афғонистон (дар тамоми тӯли сол, аммо дар ҳаҷми маҳдуд дар давраи тирамоҳ – зимистон) ва Узбакистон (фақат дар баҳору тобистон, аз моҳи май то август) барқ содир мекунад.

Тоҷикистон дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ба далели таъмини ниёзҳои дохилии худ ба хориҷ барқ содир намекунад ва аммо дар тобистон ин кишвар бо изофаи манобеи обу энержӣ мувоҷеҳ аст ва маҷбур мешавад, ки бахше аз оби садди нерӯгоҳҳоро тахлия кунад.

Дар миёнаҳои моҳи майи имсол Вазорати энержии Узбакистон дар мавриди оғози воридоти фаслии барқ аз Тоҷикистон хабар дод.

Дар ним соли аввали соли ҷорӣ ҳудуди 10. 7 миллиард киловатт соат барқ дар Тоҷикистон тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли 2022 мелодӣ 3. 3 дарсад бештар аст.

Ҳудуди 95 дарсади барқ дар Тоҷикистон тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва мобақӣ тавассути нерӯгоҳҳои ҳароратӣ ва ҳамчунин хуршедӣ дар ҳаҷми кам тавлид мешавад.