Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i10525-Сафари_раисҷумҳури_Тоҷикистон_ба_Русия
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 26, 2016 11:31 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия

Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.

Ба иттилои сайти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон Озодаи Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар раисҷумҳури Тоҷикистонро ёрдамчии раисҷумҳур оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад.