Июл 24, 2023 16:04 Asia/Dushanbe
  • Варзишкорони тоҷикистонӣ дар мусобиқоти куштии озоду фарангии қаҳрамонии Осиё 6 медал касб карданд
    Варзишкорони тоҷикистонӣ дар мусобиқоти куштии озоду фарангии қаҳрамонии Осиё 6 медал касб карданд

Варзишкорони тоҷикистонӣ дар мусобиқоти куштии озоду фарангии қаҳрамонии Осиё 6 медал касб карданд.

Варзишкорони тоҷикистонӣ дар мусобиқоти куштии озоду фарангии қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Аммони Урдун баргузор шуд, 6 медал касб карданд.

Мусобиқот дар радаи синнии 15 то 20 сол баргузор шуд.

Варзишкорони Тоҷикистон дар аввалин рӯзи ин мусобиқот чаҳор нишон дар куштии фарангӣ ба даст оварданд.

Дамир Отаев дар вазни 44 килограм ва Алишер Рӯзимадов дар вазни 75 килограм нишони тилло гирифтанд.

Амирҷон Ибодов дар вазни 52 килограм ва Шоҳҷаҳон Бобоев дар вазни 57 килограм низ ба нишони биринҷӣ даст ёфтанд.

 

Барчасп