Аввали август оғози сабти номи донишомӯзони пояи аввали ибтидоӣ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 26 Jul 2023 10:00:10 GMT )
Июл 26, 2023 15:00 Asia/Dushanbe
  • Имсол кӯдакони таваллудшуда то 31 декабри 2016 ба синфи якум мераванд
    Имсол кӯдакони таваллудшуда то 31 декабри 2016 ба синфи якум мераванд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълом кард, сабти номи пояи аввали ибтидоии соли таҳсилии нав аз аввали август оғоз мешавад.

Ба гузориши “Спутник”, бо тасмими Шӯрои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барномаи якмоҳаи омодасозии кӯдакони 7 сола барои таҳсил дар синфи якум тасвиб шуд.

Дар ин муддат як давраи ошноӣ барои донишомӯзони пояи аввал дар назар гирифта мешавад. Листи мадорики лозим шомили шиноснома, ду қитъа акси се дар чаҳор, дархости волидайн, мадраки пизишкӣ, ду нусха шиносномаи волидайн, санади издивоҷ ва иқоматгоҳ аст. Сабти ном ройгон буда ва дархости ҳар гуна ваҷҳ барои ин асар хилофи қонун талаққӣ мешавад.

Тавзеҳ дода шудааст, ки имсол кӯдакони мутаваллидшуда қабл аз 31 декабри 2016 ба синфи якум мераванд. Мақомоти омӯзишии Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки агар фарзанде дар аввали январи 2017 мутаваллид шавад, дар синфи якум пазируфта намешавад.