Паёми таслияти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Амороти Муттаҳидаи Арабӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i105676-Паёми_таслияти_раиси_Ҷумҳурии_Тоҷикистон_ба_раиси_Амороти_Муттаҳидаи_Арабӣ
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ба шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён паёми таслият ирсол кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 31, 2023 19:53 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Амороти Муттаҳидаи Арабӣ
    Паёми таслияти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Амороти Муттаҳидаи Арабӣ

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ба шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён паёми таслият ирсол кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муҳтарам Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён паёми изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

Хабари даргузашти бародаратон шайх Саид ибни Зоид Оли Наҳён боиси ғояти ҳузну андӯҳи мо гардид.

Вобаста ба ин талафоти гарон ба шумо ва ҳамаи наздикону пайвандонатон таъзияву таслияти сидқии ин ҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил масъалат дорам. Парвардигор бародаратонро шоистаи раҳмат ва ҷояшро ҷаннат гардонад.