Филми коргардони эронӣ аз Тоҷикистон ба Оскар меравад/ моҷарои « Мелудӣ »
Беҳрузи Сабтрасулӣ-коргардони синамои Эрон, ки ба тозагӣ сохти филми « Мелудӣ »-ро ба поён расондааст, аз муаррифии ин филм аз сӯи синамои Тоҷикистон ба академияи Оскар хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ӯ дар бораи тозатарин филми худ, ки дар қолаби маҳсули муштарак ба саранҷом расидааст, гуфт : Филми « Мелудӣ » маҳсӯли муштараки Эрон ва Тоҷикистон аст,ки бахшҳое аз он дар Эрон ва бахшҳое аз он дар Тоҷикистон тасвирбардорӣ шудааст. Баъд аз онки тавлиди филм ба итмом расид масъӯлони кишвари Тоҷикистон нусхаи ниҳоиро бозбинӣ карданд ва бо касби назар аз мунтақидон ин пешниҳодро бо мо матраҳ кардаанд,ки филм ба намояндагӣ аз синамои Тоҷикистон ба академияи Оскар барои ҷашни 2024 муаррифӣ шавад.