Қарордоди бозикуни тоҷикистонии Персполиси Эрон тамдид мешавад
(last modified Tue, 01 Aug 2023 09:49:42 GMT )
Август 01, 2023 14:49 Asia/Dushanbe
  • Қарордоди бозикуни тоҷикистонии Персполиси Эрон тамдид мешавад

Бошгоҳи Персполис номи Ваҳдат Ҳанноновро аз рӯйхати бузургсолони худ хориҷ нахоҳад кард ва ин бозикун барои фасли оянда ҳамчунон сурхпуш хоҳад монд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, баъд аз инки се бошгоҳи Сипоҳони Исфаҳон, Зуби оҳани Исфаҳон ва Гулгуҳари Сирҷон хоҳони ҷазби ин бозикуни тоҷикистонӣ шуданд, мудири омили бошгоҳи Персполис мавзӯро ба итилоъи Яҳё Гулмуҳаммадӣ- сармураббии ин тим расонд . Ҳатто яке аз ин бошгоҳҳо пешниҳоди васвасаангезе барои судӯри ризоятномаи Ҳанонов ба Персполис пешниҳод дод, ки боис шуд мудирияти ин бошгоҳ алоқаманд ба ин интиқол шавад, ки Яҳё Гулмуҳаммадӣ мухолифат кард.
Сармураббии сурхпушони Теҳрон таъкид карда, ки ба хотири камбуди мудофеъи канорӣ дар тимаш ( дар ҷиноҳи рост ) наметавонад муҷаввизи ҷудоии Ваҳдатро содир кунад . Зимни инки ин бозикун қобилияти бозӣ дар ҳар ду самти канораҳо ва мудофеъи миёнӣ ва ҳатто ҳафбаки дифоиро дорад ва аз ин рӯ бозӣкуни ҳамакора барои сурхпушон ба ҳисоб меояд. Аз онҷо ки қарордоди Ҳаннонов дар поёни фасли пеши рӯ ба итмом хоҳад расид, бошгоҳи Персполис дар назар дорад қарордоди ин бозикунро ба монанди чанд бозикуни шохиси ин тим ба зӯдӣ тамдид кунад.