Ҳамдардии раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо давлату мардуми Покистон
Раисони ҷумҳӯри Тоҷикистону Туркманистон дар паёмҳои ҷудогона ба ҳамтои покистонии худ куштаву захмӣ шудани теъдоди зиёде аз шаҳрвандони ин кишвар бар асари иқдоми террористии ахирро таслият гуфтанд.
Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ва Сардор Бердимуҳаммадов,раиси ҷумҳӯри Туркманистон дар паёмҳои ҷудогона куштаву захмӣ шудани теъдоди зиёде аз мардум бар асари иқдоми террористӣ дар Покистонро ба Шаҳбози Шариф-нахуствазир ва Ориф Алавӣ-раиси ҷумҳӯри ин кишвар таслият гуфтанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар паёми Раҳмон дар ин маврид омадааст: Мо ба шиддат ин иқдоми золимонаи ғайриинсониро маҳкум мекунем ва бар ниёзи фаврӣ ба як муборизаи муштараки беамон алайҳи ҳар гуна мазоҳири тероризм таъкид мекунем.
Раҳмон дар идома бо раиси ҷумҳӯри Покистон ва бастагони қурбониён ва тамоми мардуми бародари ин кишвар ҳамдардӣ ва таслияти худро иброз дошта ва барои ҳамаи маҷрӯҳон орзӯи шифои комил кард.
Дар паёми Бердимуҳаммадов дар ин маврид омадааст: Туркманистон қотеъона бо ҳар гуна мазоҳири тероризм ва ифротгароӣ мухолиф буда ва аз талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар заминаи мубориза бо ин шарри ҷаҳонӣ ҳимояти комил мекунад .
Бердимуҳаммадов дар бахши дигаре ҳамчунин аз тарафи мардум ва давлати Туркманистон бо ибрози ҳамдардӣ бо мардум ва давлати Покистон барои осебдидагон шифои оҷил орзӯ кард ва аз талафоти ҷонии мардум ибрози таассуфи амиқ кард.