Август 03, 2023 19:52 Asia/Dushanbe
  • Мақоми тоҷик : Ваъдаҳои Толибон дар мавриди мубориза бо маводи мухаддирро бовар намекунем

Раиси Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт : Агарчӣ Толибон пас аз ба қудрат расидан аз контролу муҷозот дар ҳавзаи мубориза бо маводи мухаддир хабар дода, аммо воқеият чизи дигареро мегуяд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳабибуллоҳ Воҳидзода-раиси Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар нишасти матбӯотӣ гуфт, ки баъд аз ба қудрат расидани Толибон вазъияти марбут ба маводи мухаддир бадтар шудааст.
Вай дар идома ба оморҳои Созмони Миллали Муттаҳид ба унвони намӯна ишора кард, ки бар асоси он сатҳи зери кишти кукнор дар Афғонистон дар соли 2022 милодӣ 233 ҳазор гектар буда. ки нисбат ба қабл афзоиши 32 дарсадӣ доштааст. Мизони бардошти маводи мухаддир низ афзоиш доштааст.
Бинобар суханони вай мақомоти зирабти Тоҷикистон бештари маводи мухаддирро дар манотиқи марзӣ кашф ва забт карданд.
Ба гуфтаи вай дар соли 2020 милодӣ қабл аз ба қудрат расидани Толибон 2.4 тон маводи мухаддир кашфу забт шуда буд. аммо дар соли 2021 ин шохис то 4 тон ва дар соли 2022 тақрибан 5 тонро ташкил додааст.
Вай изофа кард : Дар нимаи аввали соли ҷории милодӣ кашфу забти маводи мухаддир аз замони мушобеҳи соли гузашта бештар аст ва ба ин хотир мо ба ваъдаҳои онҳо ( Толибон ) бовар надорем.
Бинобар омор дар шаш моҳи аввали имсол дар Тоҷикистон беш аз 2.4 тон маводи мухаддир кашфу забт шудааст.
 

 

Барчасп