Нишасти комиссиюни муштараки Узбекистону Тоҷикистон бо мавзӯи аломатгузории марзҳо
Даври тозаи нишасти комиссиюни муштараки аломатгузории марзҳои Узбекистону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба поён расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, намояндагони ҳайатҳои давлатии Узбекистону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавзӯи аломатгузории марзҳои давлатии байни ду кишварро баррасӣ карданд.
Дидори давраии гуруҳҳои кории ҳайатҳои давлатии комиссиюни муштараки аломатгузории Узбекистону Тоҷикистон дар фазои комилан дӯстона баргузор шуда ва бо имзои протоколи марбута ба поён расид.
Нишасти қаблии аломатгузории марзҳои давлатии Узбекистону Тоҷикистон рӯзҳои 19 ва 25 июн дар шаҳри Қаршӣ баргузор шудааст .
Узбекистону Тоҷикистон 1 ҳазору 333 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин миён 1 ҳазору 228 километрро марзи заминӣ ва 105 километри онро марзи обӣ ташкил медиҳад.