Пешбинии ҳавои ғуборолуд барои Тоҷикистон
(last modified Thu, 03 Aug 2023 15:42:02 GMT )
Август 03, 2023 20:42 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии ҳавои ғуборолуд барои Тоҷикистон

Ҳавои ғуборолуд аз 4 то 6 август дар Тоҷикистон пешбинӣ мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба иттилооти Созмони ҳавошиносӣ эълом кард 4 то 6 август дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои атрофи Душанбе ва шаҳри Душанбе гарду ғубору хок аз самти манотиқи ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ворид мешавад,ки боиси олудагии ҳаво мешавад.
Ин кумита тавсия кард ки барои ҷилавгирӣ аз хатари чунин обу ҳавое бояд дар ин айём оби ошомидании бештаре истеъмол шавад.
Ҳамчунин ба шаҳрвандони тавсия мешавад то ҳадди имкон панҷараҳои хонаҳоро бибанданд, тамизу тоза нигаҳ доштани мудовими ҳавои дохили хона низ муфид аст.
Барои касоне, ки аз бемориҳои танаффусӣ ва қалбӣ ранҷ мебаранд,истифода аз доруҳо ва дар сурати лузум машварат бо пизишк зарурӣ эълом шуд.