Тақвияти равобит меҳвари ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Ҷопон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i105942
Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва муовини парлумонии Вазорати хориҷаи Ҷопон чашмандози тақвияти равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталифро барраси карданд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Август 07, 2023 18:54 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти равобит меҳвари ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Ҷопон
    Тақвияти равобит меҳвари ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Ҷопон

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва муовини парлумонии Вазорати хориҷаи Ҷопон чашмандози тақвияти равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталифро барраси карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Ювошикумо Юми муовини парлумонии Вазорати хориҷаи Ҷопон дар сафар ба Тоҷикистон бо Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дидору гуфтугу кард.

Дар ин дидор вазъияти кунуни ва дурнамои тақвияти равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва омузиши, фарҳангӣ, башардустона ва дигар бахшҳои мавриди алоқаи мутақобил ва ҳамчунин таъомули муштараки дуҷониба дар чорчуби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Мақомоти тоҷик ва ҷопонӣ сипас тавофуқномаи тарҳи эътои бурсияи таҳсили барои рушди манобеъи инсониро имзо карданд.