Афзоиши 28 дарсадии воридоти фаровардаҳои нефти ба Тоҷикистон
(last modified Tue, 08 Aug 2023 12:11:00 GMT )
Август 08, 2023 17:11 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 28 дарсадии воридоти фаровардаҳои нефти ба Тоҷикистон
    Афзоиши 28 дарсадии воридоти фаровардаҳои нефти ба Тоҷикистон

Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2023 воридоти фаровардаҳои нефтиро бо 28 дарсад афзоиш нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта ба 451.75 ҳазор тонна расонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон бар асоси эъломи хадамоти гумруки Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни имсол ба ин кишвар 451.75 ҳазор тонна фаровардаҳои нефти ба маблағи 320.5 миллион доллар ворид шуд, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 99.6 ҳазор тонна бештар аст.

Русия арзакунандаи асосии фаровардаҳои нефти ба Тоҷикистон аст ва 85.4 дарсад аз кулли ҳаҷми воридот бо ин кишвар муртабит аст.

Бар асоси эъломи ожонси зидди инҳисории Тоҷикистон 5.1 дарсад боқимондаи фаровардаҳои нефти аз Қазоқистон 4.4 дарсад аз Туркманистон 2.6 дарсад аз Узбакистон 1.4 дарсад аз Белорус 1.1 дарсад ва дигар кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷкистон ворид шуданд.

Дар нимаи аввали соли ҷорӣ 174.2 ҳазор тонна бензин ба Тоҷикистон ворид шуда аст, ки 59 дарсади аз он тавассути ширкати Газпромнефт-Тоҷикистон ширкати фаръи Газпроми Русия 7 дарсад ожонси давлатии манобеъим оди 4 дарсад ширкати Сеганҷ 30 дарсад боқимонда тавассути ширкатҳо ворид шуда аст.

Ҳамчунин тайи ин давра ба Тоҷикистон тақрибан 206.2 ҳазор тонна сарялка ворид шуда аст.