Август 09, 2023 12:40 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии муштзанони тоҷикистонӣ ба марҳалаи ниманиҳоии рақобатҳои Беларус

Муштзанони тоҷикистонӣ ба марҳалаи ниманиҳои рақобатҳои Беларус роҳ ёфтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, панҷ муштзани  тоҷик ба марҳалаи ниманиҳои дувумин бозии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳ ёфтанд.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, муштзанони тоҷик Меҳроҷ Суфиҷонов (дар вазни 48 килограмм), Анушервон Фозилов (51 килограмм), Бузургмеҳр Исканов (54 килограмм), Акмалҷон Абдувалиев (86 килограмм) ва Ҳангома Исоева (57 килограмм) дар шаҳри Оршаи Беларус  натиҷаҳои хуб нишон дода, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтанд.

 

Барчасп