Август 10, 2023 10:51 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти куштигирони тоҷик бо медали нуқра аз мусобиқоти Будапест
    Бозгашти куштигирони тоҷик бо медали нуқра аз мусобиқоти Будапест

Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 73 килаграм ва Темур Раҳимов дар вазни 100+ килаграм бо медали нуқраи мусобиқоти Hungary Masters 2023 аз Будапест ба Душанбе бозгаштанд.

Мусобиқоти куштии инфироди Hungary Masters 2023 бо ҳузӯри 420 варзишкор (217 мард , 203 зан) аз 59 кишвар аз 4 ило 6 август дар шаҳри Будапести Маҷористон баргузор шуд.

Ҷумҳӯрии Тоҷикистон бо ҳузӯри Эмомали Нуралӣ ва Обид Ҷебов ҳар ду дар вазни то 66 килаграм, Беҳрузи Хоҷазода дар вазни 73 килагарм, Комроншоҳ Устопириён дар вазни 90 килаграм ва Темур Раҳимов дар вазни 100+килагарам дар рақобатҳо ширкат карданд.

Аз ин миён Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов ба медали нуқраи мусобиқот даст ёфтанд.