Содироти маҳсули Тоҷикистон ба 47 кишвари ҷаҳон дар шаш моҳаи соли ҷорӣ
Август 10, 2023 11:17 Asia/Dushanbe
Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти худро ба 47 кишвари ҷаҳон содир кардааст.
Дар шаш моҳи соли 2023, Тоҷикистон бо 102 кишвар, аз ҷумлаи 10 кишвари кишварҳои муштаракул манофеъ ва 92 кишвари хориҷӣ равобити тиҷорӣ мунъақид кардааст.
Ба вижа дар ин муддат маҳсулот ба 47 кишвари ҷаҳон содир шудааст. Дар ҳамин росто, рӯзи 8-ум август, тайи як кофронси матбуъотӣ.,Баҳриддин Сироҷиддинзода, мудири ожонси содироти зери назари давлати Тоҷикистон ба хабарнигорон эълом кард, ки дар ин муддат ба маблағи 3 миллиарду 415 миллион болиғ бар 678 миллиону 600 ҳазор доллар маҳсулоти дохилӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ содир шудааст.