Август 10, 2023 11:52 Asia/Dushanbe
  • Нишасти кории ҳайатҳои дуҷонибаи полиси Душанбе ва полиси Нанҷинги Чин
    Нишасти кории ҳайатҳои дуҷонибаи полиси Душанбе ва полиси Нанҷинги Чин

Нишасти кории ҳайатҳои дуҷонибаи полиси Душанбе ва полиси Нанҷинги Чин баргузор шуд.

Дар таърихи 8 август, дар чорчӯби як сафари корӣ, ҳайати расмии намояндагони идораи амнияти умумии шаҳри Нанҷинг, устони Ҷиёнг Суи  Ҷумҳӯрии Халқии Чин ба сарпарастии муовини ин идора, аз раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе боздид ва бо фаъолиятҳо ва шароити кории афсарони полиси шаҳри Душанбе аз наздик ошно шуд.

Ба нақл аз раёсати Вазорати умури дохилаи шаҳри Душанбе, дар ин дидори дуҷониба дар хусуси мавзуъоти мубориза бо ҷурму ҷиноят, пешгири аз қочоқи маводи мухаддир, кашфи ҷароими сойберӣ ва кулоҳбардори аз тариқи интернет, иқдомоти пешгирона ва тавзеҳи, тақвияти равобит бо мардум, вазъияти ҳаводис ва роҳу равиши пайгири аз он, истифода аз таҷрубаҳои якдигар табодули назар карданд, ҳамзамон намояндагони полиси Нанҷинг бо раванди эҳдоси сохтмони ҷаддиди Вазорати умури дохила дар Душанбе ошно шуда, омодагии худро барои ироаи кумакҳои фанни эълом карданд.