Декабр 27, 2016 13:18 Asia/Dushanbe
  • Соли нави мелодӣ ва таътилоти серӯза дар Тоҷикистон

Давлати Тоҷикистон ба муносибати оғози соли нави мелодӣ 3 рӯз таътили расмӣ дар ин кишвар эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, давлати Тоҷикистон дар остонаи соли нави мелодӣ дар ин кишвар аз 31-уми декабр то дуввуми январи соли 2017 тамоми идороти давлатӣ ва мадорисро таътил кард.

Исмоил Файзизода, муовини раиси Федератсияи иттиҳодияҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ин замина гуфт, саввуми январ рӯзи корӣ дар Тоҷикистон аст ва тамоми марокизи давлатӣ бояд кори худро оғоз кунанд.

Дар Тоҷикистон беш аз 60 рӯз ид аст, ки маъруфтарини онҳо 21 – 24-уми март иди Наврӯз, 8 –уми март иди модарон, 27-уми июн рӯзи Ваҳдати миллӣ, 9 –уми сентябр рӯзи Истиқлол, 5-уми октябр рӯзи забони давлатӣ, 6 –уми ноябр рӯзи Қонуни асосӣ ва аввали январ ҷашни соли нави мелодӣ аст.