Сафари 646 шаҳрванди тоҷик барои кор ба Англия
(last modified Mon, 14 Aug 2023 07:12:16 GMT )
Август 14, 2023 12:12 Asia/Dushanbe
  • Сафари 646 шаҳрванди тоҷик барои кор ба Англия
    Сафари 646 шаҳрванди тоҷик барои кор ба Англия

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 646 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Англия рафтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ин теъдод дар соли гузашта 386 нафар буд.

Қиёмиддин Давлатзода муовини вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт: Ҳамчунин беш аз 10000  шаҳрванди Тоҷикистон барои кор дар Британия ба Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳоли дархост доданд.

Баритания яке аз мақсадҳои ҷадиди муҳоҷирати кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Аз соли гузашта Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо ҳамкории мақомоти британя эъоми шаҳрвандонро бар кор ба ин кишвари аврупоӣ оғоз карда аст.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Русия ҳамчунон масири аслии муҳоҷирати шаҳрвандони ин кишвар аст.