Август 16, 2023 12:59 Asia/Dushanbe
  • Оғози фаъолияти маркази омӯзишии Тоҷикистон ва Чин

Маркази омӯзишии Тоҷикистону Чин оғоз бакор кард.

Дар соли ҷорӣ маркази омӯзишии Тоҷикистону Чин фаъолияти худро дар Муассисаи маъдан ва метолоржии Тоҷикистон оғоз кард.

Бахтиёр Маҳмадалӣ, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт, ба муносибати солҳои тавсеаи саноат, ҳайати мудираи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар назар дорад бо тарбияти мутахассисони воҷиди шароит, саҳми худро дар ин росто ифо кунад.

Вай афзуд, барои тарбияти мутахасассини ҳирфаӣ корҳои мутааддиде дар ин росто анҷом шудааст.

Маҳмадалӣ тасреҳ кард, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қарордоди 2+2-ро бо масъулони Донишгоҳи нафт ва гази Чин имзо кардааст, ки бар асоси он донишҷӯёни муассисаи мо ба муддати ду сол дар донишгоҳи Ҷумҳурии Халқии Чин таҳсил мекунанд.

 

Барчасп