Ифтитоҳи майдони парчами давлатӣ ба иртифои 35 метр дар ноҳияи Шуғнони Тоҷикистон
Август 20, 2023 20:13 Asia/Dushanbe
Дар чорчӯби сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон, майдони парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Шуғнон ифтитоҳ шуд.
Майдони парчами давлатӣ дар масоҳате ба вусъати 2300 метри мураббаъ, густарда шудаасту вазорати энержӣ ва манобеи оби Ҷумҳурии Тоҷикистону мақомоти иҷрои ноҳияи Шуғнон масъӯлияти таъмини молии ин пружаро бар ӯҳда доштаанд.
Майдони парчами давлатӣ бо ҳазинаи якмиллиону 200 ҳазор сомонӣ бо дастури Эмомалӣ Раҳмон сохта шуд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Барчасп