Август 24, 2023 15:23 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси ожонси миллии иттилоотии Тоҷикистон бо сафири Ҷумҳӯрии Исломии Покистон
    Дидори раиси ожонси миллии иттилоотии Тоҷикистон бо сафири Ҷумҳӯрии Исломии Покистон

Раиси ожонси миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" бо сафири Ҷумҳӯри исломии Покистон дидор кард.

Субҳиддин Шамсиддинзода, раиси ожонси миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" рӯзи 23 август бо Муҳаммад Саъид Саравар, сафир фавқулода ва томулихтиёри Ҷумҳӯрии Исломии Покистон дар Ҷумҳӯрии Тоҷикистон дидор кард.

Ба гузориши Ховар, Субҳиддин Шамсиддинзода дар ибтидои дидор дар хусуси тавсиаи равобити дуҷониба байни Тоҷикистон ва Покистон, иқдомоти сарони дукишвар дар тақвияти равобити чандҷониба аз ҷумла дар чорчӯби Созмононҳо байналмиллалӣ ва минтақаӣ, ки ҳар дукишвар дар он узвият дорад  ва ҳамчунин моҳияти сиёсати "дарҳои боз" давлати Тоҷикистон ва нақшаи расонаҳо дар тақвияти равобити байни давлати тавзеҳоте ироа кард.

Вай гуфт: тавонмандиҳои ожонсоҳои миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" ба унвони маркази иттилоотии Ҷумҳӯрии Тоҷикистон дар иникоси раводидҳо ва ҳаводиси марбути Тоҷикистон ва Покистон,ироаи фурсатҳои мавҷуд барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, гардишгарӣ ва ғайра аз тариқи вебсайти расмӣ ва радиои ” ҒМ-Ховар” метавонад ҳатто бештар ва коромадтар бошад.

Вай афзӯд равобити тақвияти дуҷониба дар ҳавзаи иттилоърасони барои тавсиаъаи дукишвар дар заминаҳои мухталиф муассир хоҳад буд.

Сафири Ҷумҳӯрии Исломии Покистон низ ба навбати худ нақши расонаҳои иттилоотиро дар тақвияти равобити дуҷониба муҳим донист ва бар омодагии ҳайати дипламатик барои кумак ба тақвияти равобити иттилоърасонӣ таъкид кард.

Вай изҳори умедвори кард. ки ҳамкориҳои бештар дар заминаи иттилоърасони аз ҷумла байни ожонси иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" ва хабаргузории марказии Ҷумҳӯрии Исломии Покистон беш аз пеш тавсиа ёбад

Бештар бихонед:

 

Барчасп