Август 25, 2023 17:36 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти муовини шаҳрдори Душанбе бо намояндагони ширкати миллии Роҳи оҳани Кореяи ҷанубӣ

Муовини шаҳрдори Душанбе бо намояндагони ширкати миллии Роҳи оҳани Кореяи ҷанубӣ дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар мулоқоти Фирдавси Саидзода-муовини шаҳрдори Душанбе бо намояндагони ширкати миллии Роҳи оҳани Кореяи ҷанубӣ ва Бонки содироту воридоти ин кишвар дар Душанбе раванди пешрафти кори муқаддамотии эҳдоси роҳи оҳани шаҳрӣ ва эҷоди системаи метрои сабук дар шаҳри Душанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Тарафҳо дар мавриди масоили муҳими ҳамкории байни мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе, ширкати миллии Роҳи оҳани Кореяи ҷанубӣ ва Бонки содироту воридоти Корея гуфтугӯ карданд.

 

 

Барчасп