Август 25, 2023 19:26 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ба Остона сафар кард

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон имрӯз дар чорчӯби як сафари корӣ ба Остона-пойтахти Қазоқистон сафар кард.

Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон имрӯз ба даъвати Қосимҷомарт Тақоев-раиси ҷумҳӯри Қазоқистон ба ин кишвар сафар кард .
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистонро дар ин сафар вазирони умӯри хориҷа, фарҳанг, кишоварзӣ, саноаъату фанновариҳои навин, кор, муҳоҷирот ва шуғли аҳолӣ, дастёри раиси ҷумҳӯр дар умӯри хориҷараиси вилояти Суғд ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар чорчӯби ин сафар музокироте дар Остона баргузор ва масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, ҳамлу нақл ва сармоягузорӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.
Сарони ду кишвар дар чорчӯби ин сафар ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ширкат карданд.
 

 

Барчасп