Интишори гузориши мизони нақши занон дар шаҳри Душанбе
(last modified Sat, 26 Aug 2023 05:26:35 GMT )
Август 26, 2023 10:26 Asia/Dushanbe
  • Интишори гузориши мизони нақши занон дар шаҳри Душанбе

Шаҳрдории Душанбе дар гузорше мизони нақши занон дар бахшҳои мухталифи зиндагӣ дар пойтахти Тоҷикистонро мунташир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, ҳудуди 595000 зан дар пойтахти Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва дар бахшҳои мухталиф аз соҳибкорӣ гирифта то омӯзишу муроқибатҳои беҳдоштӣ - фаъол ҳастанд.
Ҳамчунин 107 зан дар шаҳри Душанбе дар хадамоти умумӣ машғул ба кор ҳастанд, ки 24 нафар аз онҳо дар бахшҳои мудириятӣ ҳастанд.
Ҳамчунин 29 зан намояндагони мардуми Душанбе дар маҷлис ва 52 зан дар маҷлисҳои тобеъаи шаҳр узвият доранд .
Дар айни ҳол ҳудӯди 10000 зан дар пойтахт машғӯли фаъолиятҳои тиҷорӣ ҳастанд ва ҳудуди 20000 нафар дар бахши омӯзишӣ фаъоланд, ки тақрибан 300 нафар дар мақомҳои мудириятӣ кор мекунанд.
Теъдоди занони фаъол дар ҳавзаи дармон дар пойтахт 10 ҳазор нафар тахмин зада мешавад, ки беш аз 250 нафар аз онҳо мудир ҳастанд.
Давлати Тоҷикистон дар талош аст, то нақши занонро дар ҷомеъа афзоиш дода ва онҳоро беш аз пеш дар фаъолиятҳои бахшҳои мухталиф аз ҷумла хадамоти умумӣ мушорикат диҳад.
Ба вижа Ҷумъа Давлатов, раиси Созмони хадамоти давлатии Тоҷикистон гуфт, ки аз миёни 5937 нафаре ки маносиб мудириятӣ доранд, 1143 нафар зан ҳастанд.
Дар маҷмӯъ теъдоди занон дар хизмати мулкӣ 4556 нафар аст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 118 нафар афзоиш ёфтааст.