Пайкараи Абуалӣ Сино дар Остонаи Қазоқистон рӯнамоӣ шуд
(last modified Sat, 26 Aug 2023 05:44:18 GMT )
Август 26, 2023 10:44 Asia/Dushanbe
  • Пайкараи Абуалӣ Сино дар Остонаи Қазоқистон рӯнамоӣ шуд

Дар чорчӯби рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва бо ҳузури вазирони фарҳанги ду кишвар маросими рӯнамоиии пайкараи Абуалӣ Сино баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, ин маросим бо мушорикати Зулфия Давлатзода ва Асхат Уралов-вазирони фарҳанги Тоҷикистону Қазоқистон ва шаҳрдори Остона баргузор шуд.
Нимпайкараи бринҷии ин пизишк, файласуф ва андешаманди бузурги Эронзамин тавассути санъатгарони тоҷик сохта ва пояи гранитии он тавассути шаҳрдории пойтахти Қазоқистон сохта шудааст.
Дар чорчӯби рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар 3 шаҳри бузурги Қазоқистон аз ҷумла Остоналмаато ва Шимкент консерт, намоиши филм, намоишгоҳ ва соири рӯйдодҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд.
Интизор меравад, ки дар соли ояндаи милодӣ дар маҳали Китобхонаи миллии академии Қазоқистон гӯшаи адабиёти тоҷик ифтитоҳ шавад.