Август 28, 2023 17:29 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими миллии футболи навҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти CAFA-2023
    Қаҳрамонии тими миллии футболи навҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти CAFA-2023

Тими миллии футболи навҷавонони Тоҷикистон қаҳрамони мусобиқоти CAFA-2023 шуд.

Ба гузориши Ховар ба нақл аз федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин мусобиқот, ки аз 21 то 27 август дар шаҳри Ҳисори Тоҷикистон баргузор шуд 5 тими миллии Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон, Афғонистон ва Қирғизистон ширкат карданд.

Тими навҷавонони Тоҷикистон чаҳор бози дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2023 анҷом дод ва 9 имтиёз касб кард. Тими ҷавонини Тоҷикистон дар дидор муқобили тимҳои Афғонистон 3 бар1, Қирғизистон 4 бар 1 ва Узбакистон 2 бар сифр пируз шуд ва бо натиҷаи сифр бар 1 мағулби тими миллии Эрон шуд.

Тими миллии Узбакистон низ 9 имтиёз касб кард аммо бо таваҷуҳ ба шикасти онҳо аз тими миллии Тоҷикистон навҷавонони Тоҷикистон ба медали тилло даст ёфтанд.

Тими Узбакистон медали нуқра ва тими Афғонистон бо 6 имтиёз ба медали биринҷи даст ёфтанд.

Дар натиҷаи ин мусобиқот ҷоизаи " Fair Play" ба тими Тоҷикистон ва ҷоизаи вижа ба тими Эрон эҳдо шуд.

Беҳтари голзани ин мусобиқот Нурбек Сорсенбоев бозикуни тими миллии Узбакистон бо 3 гол эълом шуд Муҳаммад Назриев муҳоҷими тими миллии Тоҷикистон ба унвони арзишмандтарин бозикуни мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2023  шинохта шуд.

Барчасп