Таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагони борандагии шадид ва вуқуъи селоб
(last modified Tue, 29 Aug 2023 05:55:18 GMT )
Август 29, 2023 10:55 Asia/Dushanbe
  • Таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагони борандагии шадид ва вуқуъи селоб

Бориши шадиди борон дар 27 август дар шаҳрҳои Душанбе,Ваҳдат,Ҳисор ва дар ноҳияҳои Рӯдакӣ,Варзоб,Деваштич,Рашт,Сангвор ва Тоҷикобод мӯҷиби ҷорӣ шудани селоб ва рониши замин шуд.

Бар асари ин борандагиҳо дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ 13 нафар аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар бахши Рӯдакӣ ҷон бохтанд.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи бозмондагони ин ҳодиса таслият гуфт.
Ба гузориши Ховар, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба нахуствазир, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва сохторҳои марбута дастур дод, то ба хонаводаҳои осебдидагон аз ин балои табиӣ кумак кунанд ва иқдомоти фаврӣ барои рафъи оқибатҳои ин ҳодиса анҷом диҳанд .
Дар ҳоли ҳозир бо кумаки таҷҳизот ҷодаҳои ин ноҳияҳо поксозӣ шуда ва тараддуди худравҳо барқарор аст.

Бештар бихонед :