Атои унвони "Бозигари шоистаи Тоҷикситон" ба ҳунраманди пешкисвати тоҷик
(last modified Thu, 31 Aug 2023 07:33:04 GMT )
Август 31, 2023 12:33 Asia/Dushanbe
  • Атои унвони
    Атои унвони "Бозигари шоистаи Тоҷикситон" ба ҳунраманди пешкисвати тоҷик

Моҳпайкар Ёрова бозигари саршиноси театри Тоҷикистон имрӯз унвони " Бозигари шоистаи Тоҷикистон"-ро ба худ ихтисос дод.

Ба гузориши  Pressa.tj  ин бозигар ин унвонро аз Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон дарёфт кард.

Ба дастури Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳо ва ҷоизаҳои давлатӣ ба теъдоде аз шахсиятҳои кишварӣ ба муносибати сиву дуввумини солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ҳадия шуд. Ба ин бозигари саршиноси театр низ унвони "Бозигари шоистаи Тоҷикистон" ихтисосо ёфт.

Моҳпайкар Ёрова аз соли 1991 ба унвони бозигари театри давлатии ҷавонон бапноми Ваҳидов барнома иҷро мекунад. Ӯ тақрибан  дар тамоми иҷроҳои ин театр ба  ифои   нақш пардохтааст.

Моҳпайкар Ёрова дар филмҳои  «Гузар аз санг»، «Марги бегуноҳ»، «Соҳил»،« Пас аз ғуруби офтоб»،  «Меҳроб», «Оинаи сайқал нахурда»، «Хабарнигор»، «Чашмаи хиёбон»، «Руёҳо»، «Ҳақи пайванд»  "Руёи ҳунарманд"، "Аруси замонавӣ"، ва бархе осори дигар, ҳамчунин дар филми сохта шудаи тавассути филмсозони русӣ ба номҳои "Ганҷи талло"  ва    "Интиқоми Туркия" ба ифои нақш пардохтааст.

Бештар бихонед: