Сентябр 02, 2023 13:54 Asia/Dushanbe
  • Даъвати 19 бозикун ба тими миллии футболи Тоҷикистон

Сармураббии тим(даста)и миллии футболи Тоҷикистон 19 бозикунро ба тими миллӣ даъват кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, кадри фаннии тими миллии Тоҷикистон бо ҳидояти Питер Сегрт нафароти тимро барои дидори дӯстона бо тими миллии футболи Сингапур интихоб кард . Тибқи эъломи Федерасиюни футболи Тоҷикистон бо ҳисоби кадри мураббигарӣ, 2 дарвозабон, 6 мудофеъ, 7 ҳафбак ва 4 муҳоҷим барои масоф бо Сингапур даъват шудаанд . Ҳамчунин бо тавваҷуҳ ба омодасозии тими қаҳрамони Тоҷикистон « Истиқлол » барои бозии даври аввали марҳалаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонони Конфедерасиюни футболи Осиё - 2023/24 бо тими « Аддуҳайл » Қатар, чанд бозикуни ин бошгоҳ наметавонанд дар бозии дӯстона бо Сингапур ширкат кунанд. Тими миллии Тоҷикистон 4 сентябр вориди Сингапур мешавад . Дидори дӯстонаи тимҳои миллии Сингапур ва Тоҷикистон 8 сентябр соъати 19 : 30 ба вақти маҳаллӣ дар Сингапур оғоз мешавад.
 

 

Барчасп