Сентябр 06, 2023 18:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати 3 террорист дар Тоҷикистон
    Ҳалокати 3 террорист дар Тоҷикистон

Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон аз ба ҳалокат расидани 3 нафар аз аъзои як созмони террористи байналмилалӣ дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс бар асоси иттилоъияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ин 3 нафар аз аъзои ҷамоъати Ансоруллоҳ шаби 30 августи соли ҷорӣ бо ҳадафи анҷоми иқдомоти террористӣ дар хоки Тоҷикистон ва дар остонаи рузи истиқлолияти ин кишвар дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон ба таври ғайриқонуни аз хати марзи Тоҷикистон ва Афғонистон убур карда буданд.

1. Бобоҷонов Зариф Маҳмудҷонович бо лақаби Усмон зодаи ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара, яке аз саркардагони ташкилоти террористии Ҷамоати Ансоруллоҳ

2. Баҳодуров Фарҳод Башарович лақабаш Абу Мусъаб, зодаи деҳаи Шербегиёни Ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод

3. Қосимов Аҳтам Султонович лақабаш Убайда зодаи шаҳри Кӯлоб аз террористҳои ба ҳалокат расида дар ин амалиёт ҳастанд.

Дар махфигоҳи ин террористҳо теъдоди зиёди аслиҳа ва муҳимот ва таҷҳизоти дигар кашф шуда аст ин аввалин талоши гуруҳаки террористии ҷамоъати Ансоруллоҳ барои иқдомоти террористӣ дар хоки Тоҷикистон нест.

Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон таъкид кард, ки таҷзия ва таҳлил ва арзёбии додаҳои мавҷуд нишон медиҳад, ки ин ақдомоти террористӣ ба таври ҳадафманд сурат мегиранд.

Барчасп