Сентябр 07, 2023 12:34 Asia/Dushanbe
  • Фаъолони довталаби Осиёи Маракӣ дар Тоҷикистон гирди ҳам меоянд
    Фаъолони довталаби Осиёи Маракӣ дар Тоҷикистон гирди ҳам меоянд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон аз баргузории ҳамоиши фаъолиятҳои довталабони Осиёи Марказӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузори Форс дар Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон аз баргузории ҳамоиши фаъхолиятҳои довталабони Осиёи Марказӣ дар ин кишвар хабар дод.

Дар ин ҳамоиш, довталабони  фаъол, Созмонҳои довталабона, донишмандони улуми сиёсӣ ва соири тарафҳои алоқаманд аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат мекунанд.

Ҳадафи аслии ҳамоиш фаъолиятҳои довталабони Осиёи Марказӣ, муттаҳид кардани довталаб, донишмандони улуми сиёсӣ ва тарафҳои алоқаманд барои мутолеъаи руйкардҳои навоварона барои иҷрои ва тавсиъаи фаъолиятҳои довталабона, тарвиҷи фаъолиятҳои довталабона ба унвони як фаъолияти муҳим ҷиҳати дастёбӣ  ба аҳдофи тавсиъаи пойдор аст.

Вазифаи аслии ин ҳамоиш ба иштирок гузории таҷрубиёт дар заминаи тавсиъа ва иҷрои пружаҳои давталабона аст, ва дар раванди баргузории он ширкаткунандагон иттилоъоти дақиқ аз фаъолиятҳои ҷунбишҳои довталабона дар кишварҳои худ ироа карда ва дастовардҳои худро дар ин фароянд муаррифӣ мекунанд.